Аз сардор Рашиди эронӣ чӣ медонед?
-
Сардори сипаҳбуд шаҳид Ғуломалӣ Рашид
Порс-Тудей. Сардори сипаҳбуд шаҳид Ғуломалӣ Рашид бо беш аз чаҳор даҳа хидмат дар Неруҳои мусаллаҳи Эрон, нақши муҳиме дар тақвияти тавони дифоӣ ва боздорандагии ин кишвар ифо кард.
Сардор Ғуломалӣ Рашид 23 хурдоди 1404 (13 июни 2025) дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бархе таъсисоти низомӣ, ҳастаӣ ва манозили маскунии Эрон ба шаҳодат расид. Дар ин матлаб аз Порс-Тудей, нигоҳе ба зиндагиномаи сардор Рашид андохта шудааст.

Таваллуд
Сардор Ғуломалӣ Рашид дар соли 1332 дар Дизфули устони Хузистон, ҷанубиғарби Эрон мутаваллид шуд. Падари ӯ оҳангару модараш хонадор буд ва 6 хоҳару 2 бародар дошт. Рашид дар соли 1361 издивоҷ карду соҳиби чанд фарзанд шуд. Яке аз фарзандонаш ба ҳамроҳи сардор Рашид дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба манзилашон ба шаҳодат расид.

Таҳсилот
Ӯ мадраки коршиносӣ ва коршиносии аршади ҷуғрофиёи сиёсиро аз Донишгоҳи Теҳрон ва доктории ҷуғрофиёи сиёсиро аз Донишгоҳи тарбияти мударрис дарёфт кард. Поённомаи доктории ӯ дар бораи «Нақши авомили геополитикӣ дар тадвини роҳбурди дифоӣ» буд. Рашид донишёри Донишгоҳи олии дифои миллӣ ва узви ҳайати илмии Донишгоҳи имом Ҳусайн (а) буд.

Қабл аз пирӯзии инқилоби исломӣ
Сардор Рашид дар ҷавонӣ алайҳи режими паҳлавӣ фаъолият кард ва дар солҳои 1350 ва 1355 тавассути неруҳои амниятии ин режим дастгир ва як сол зиндонӣ шуд. Ӯ дар зиндон бо Муҳсини Ризоӣ ва Алии Шамхонӣ, ки баъдҳо аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шуданд, ошно шуд. Вай дар соли 1355 бори дигар дар шаҳри Исфаҳон боздошт ва ин бор ба Теҳрон мунтақил шуд ва ба муддати як соли дигар дар зиндон ба сар бурд. Пас аз озодӣ, фаъолиятҳои худро дар гуруҳи мусаллаҳи Мансуриюн, ки аз иттиҳоди неруҳои муборизи мазҳабӣ дар шаҳрҳои Дизфул, Аҳвоз ва Хуррамшаҳр шакли гирифта буд, идома дод.

Пирӯзии инқилоб ва Дифои муқаддас
Бо пирӯзии инқилоби исломӣ ва ташкили Сипоҳи посдорон, сардор Рашид ба унвони муовини иттилооту амалиёти сипоҳи Дизфул машғул ба фаъолият шуд. Дар даврони Дифои муқаддас ба унвони яке аз фармондеҳони аршади сипоҳ дар бештари амалиётҳои аслӣ нақши фаъоле ифо кард. Дар соли 1362 ва ҳамзамон бо иҷрои амалиёти Хайбар, қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ба унвони ниҳоди муштараки роҳбурдӣ байни артишу сипоҳ шакл гирифту сардор Рашид дар чорчӯби ин қароргоҳ, нақше калидӣ дар ҳидояти амалиётҳои низомӣ бар уҳда гирифт.

Масъулиятҳои роҳбурдӣ
Сардор Рашид дар тӯли хидмати низомии худ масъулиятҳои барҷастаеро бар уҳда дошт, ки аз он ҷумла метавон ба муовинати амалиёти Ситоди муштараки Сипоҳ аз соли 1365 то 1368 ва муовинати иттилооту амалиёти Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ аз соли 1368 то 1378 ишора кард. Вай дар соли 1378 бо дарёфти дараҷаи сарлашкарӣ ба унвони ҷонишини раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ мансуб шуд ва ба муддати 17 сол дар ин симат хидмат кард. Сардор Рашид дар соли 1395 бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоб ба фармондеҳии қароргоҳи марказии Хотамуланбиё мансуб шуд ва то лаҳзаи шаҳодат дар ҳамин масъулият боқӣ монд. Ҳамзамон, масъулияти муовинати умури дифоӣ дар дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллиро низ бар уҳда дошт.

Дарёфти нишони Фатҳ
Ӯ ҳамчунин нақши муҳиме дар тавсеаи стратегияҳои дифоии Эрон дошт, ки ба афзоиши боздорандагии ин кишвар кумак кард. Сардор Рашид тавониста буд қудрати таҳоҷумии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эронро афзоиш диҳаду омодагии дифоӣ - таҳоҷумиро бо тавваҷуҳ ба вижагиҳои ҷангҳои оянда иртиқо бахшад. Ин пешрафтҳо шомили тақвияти тавони низомӣ барои муқобила бо таҳдидоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ буд. Дарёфти нишони Фатҳ аз Раҳбари инқилоб нишондиҳандаи хадамоти барҷастаи ӯ дар ин замина аст.

Таҳрим
Дар 13 обони 1398 Вазорати хазонадории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ғуломалӣ Рашидро таҳрим кард. Сарлашкар Рашид дар бораи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза гуфта буд: Амрико шарики ҷурми қатъии ҷинояткорони Исроил дар ҳамла ба мардуми мазлуми Фаластин аст.

Шаҳодат
Саҳаргоҳи 23 хурдоди 1404 (13 июни 2025) сардор Рашид, фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрони исломӣ ба ҳамроҳи фарзандаш ба шаҳодат расид.