Абуубайда: Эрон имрӯз хати муқаддами дифоъ аз кулли уммати исломӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124506-Абуубайда_Эрон_имрӯз_хати_муқаддами_дифоъ_аз_кулли_уммати_исломӣ_аст
“Порс-Тудей”. Сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Муқовимати исломии Фаластин - Ҳамос бо баёни инки режими саҳюнистӣ танҳо забони зӯрро мефаҳмад, аз ҳамлаҳои мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ тамҷид кард.
(last modified 2026-03-22T05:05:46+00:00 )
Март 22, 2026 10:03 Asia/Dushanbe
  • Абуубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом
    Абуубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом

“Порс-Тудей”. Сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Муқовимати исломии Фаластин - Ҳамос бо баёни инки режими саҳюнистӣ танҳо забони зӯрро мефаҳмад, аз ҳамлаҳои мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ тамҷид кард.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Абуубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Муқовимати исломии Фаластин - Ҳамос эълом кард: Бо ифтихори фаровон ба ҳамлаҳои мушакии қудратманде нигоҳ мекунем, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ анҷом доду манотиқеро дар умқи хоки душман бо равишҳои ҷадид ҳадаф гирифт, ки дар он даҳҳо саҳюнист кушта ва захмӣ шуданд.

Сухангӯи гурдонҳои Қассом ин ҳамлаҳоро посухи табиӣ, на танҳо ба ҳамлаи саҳюнистӣ - амрикоӣ алайҳи Эрон, балки ба кушторҳои ҷамъӣ алайҳи мардуми Фаластин дар Ғазза донисту гуфт: Душмани саҳюнистӣ танҳо забони зӯрро мефаҳмад ва таҳмили ҳазинаҳои сангин танҳо роҳи водор кардани ин режим ба таваққуфи ҳамлаҳои он аст. Дар ғайри ин сурат, ба корҳои худ алайҳи кишварҳои арабиву исломӣ идома хоҳад дод.

Абуубайда ҳамчунин афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз хати муқаддами дифоъ аз уммати исломиро ташкил медиҳад ва мутаҷовизон дар шикастани иродаи миллатҳо ноком мемонанд.

Сухангӯи гурдонҳои Қассом аз ҳамаи мардуми минтақа хост, ки дар баробари душман муттаҳид шаванд ва барои масоили асосӣ, ба вижа озодии Фаластин, ба таври муштарак иқдом кунанд.