Апрел 08, 2023 17:28 Asia/Dushanbe
  • Сардор Фадавӣ: Интиқоми шуҳадо гирифта хоҳад шуд

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, интиқоми так таки шуҳадо гирифта хоҳад шуд.

Сардор Алии Фадавӣ гуфт, гирифтани интиқоми шаҳидони мудофеъи ҳарам, Мелоди Ҳайдарӣ ва Миқдоди Маҳқонӣ ҷузъи барномаҳои мост.

Фадавӣ имрӯз дар гуфтугӯ бо хабаргузории Эронпресс, бо баёни инки ҷанг алайҳи ботил тамомӣ надорад, афзуд, бо сароҳати тамом дар Қуръон омадааст, ки дар ин ҷанг ҷабҳаи ботил ҳаргиз пирӯз нахоҳад буд ва ҷабҳаи ботил дар шикасти доимӣ аст.

Вай дар маросими бузургдошти шаҳидони мудофеъи ҳарам гуфт, гирифтани интиқоми шаҳидон ҷузви барномаҳост, чаро ки ҷабҳаи исломӣ мутааллиқ ба як нафар ё ду нафар, як кишвар ва ё ду кишвар нест.

Сардор Фадавӣ бо ишора ба юриши саҳюнистҳо ба намозгузорони рӯзадор дар Масҷидулақсо гуфт, дар ҳамин чанд рӯз ғавғое дар сарзаминҳои фаластинӣ барпо шуда, ки саҳюнистҳо шабу рӯз дар амон нестанд.

 

Барчасп