Апрел 09, 2023 15:20 Asia/Dushanbe

Тасовири ҷадиде аз қобилиятҳои «Меъроҷ 532» ҷадидтарин паҳподи интиҳории Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ мунташир шуд.

«Меъроҷ 532» паҳподҳои интиҳории нерӯи заминии сипоҳ аст, ки бо бурди 450 километр қодир аст то иртифои 12 ҳазор по ба муддати 3 соат парвоз кунад ва бо диққати боло аҳдофи мавриди назарро мавриди исобат қарор диҳад.

Сардор Алии Кӯҳистонӣ, масъули Созмони таҳқиқот ва ҷиҳоди худкафои нерӯи заминии сипоҳ имрӯз (якшанбе) аз озмоиши муваффақиятомези паҳподи интиҳории «Меъроҷ 532» хабар дод ва гуфт, ин паҳпод, аз паҳподҳои интиҳории нерӯи заминии сипоҳ аст, ки мутахассисони ҷавони ҷиҳоди худкафоии сипоҳ тарроҳӣ ва тавлид кардаанд.

Вай афзуд, паҳподи интиҳории «Меъроҷ 532»,  паҳподе бо муҳаррики пешрон аст, ки бурди як тарфаи он 450 километр аст, ин паҳпод қодира ст то иртифоъи 12 ҳазор по ба муддати 3 соат парвоз кунад ва ин паҳпод ба шеваи партоб аз рӯи худрав ба парвоз дармеояд.

Сардор Кӯҳистонӣ тасреҳ кард, раванди тавсеаи ҳавзаи паҳподӣ дар Созмони таҳқиқоту ҷиҳоди худкафоии нерӯи заминии сипоҳ бо суръати хубе ба пеш меравад ва дар ояндаи наздик низ паҳподҳои размӣ, омӯзишӣ ва интиҳории дигаре ба Созмони разми паҳподии сипоҳ афзӯда хоҳад шуд.

 

Барчасп