Роҳёбии панҷ намояндаи куштии фарангии Эрон ба финали пайкорҳои қаҳрамонии Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100724-Роҳёбии_панҷ_намояндаи_куштии_фарангии_Эрон_ба_финали_пайкорҳои_қаҳрамонии_Осиё
Ҳар панҷ намояндаи куштии фарангии Эрон дар рӯзи нахусти пайкорҳои қаҳрамонии Осиё ба финал роҳ ёфтанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Апрел 09, 2023 16:05 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии панҷ намояндаи куштии фарангии Эрон ба финали пайкорҳои қаҳрамонии Осиё

Ҳар панҷ намояндаи куштии фарангии Эрон дар рӯзи нахусти пайкорҳои қаҳрамонии Осиё ба финал роҳ ёфтанд.

Ба гузориши ИРНА, 33-умин давраи рақобатҳои куштии фарангии бузургсолони қаҳрамонии Осиё, аз субҳи имрӯз (якшанбе) оғоз шуд ва мусобиқоти панҷ вазни нахуст, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар ҳоли баргузорист.

Дар поёни мусобиқоти муқаддамотӣ ҳар панҷ намояндаи Эрон ба номҳои Пӯё Додмарз дар вазни 55 килограм, Имони Муҳаммадӣ дар вазни 63 килограм, Амини Ковиёнинажод дар вазни 77 килограм, Носири Ализода дар вазни 87 килограм ва Амини Мирзозода дар вазни 130 килограм ба финоли ин мусобиқот роҳ ёфтанд.