Сардор Шариф : Исроил маҳкӯм ба шикаст аст
Сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба иқтидори ҷабҳаи муқовимат дар ҳаводиси ахир гуфт : Исроил маҳкӯм ба шикаст ва нобудӣ аст.
Имрӯз ҷумъа 14 апрели 2023 ( 25 фарвардини 1402 ) мусодиф бо 23 рамазони 1444-рӯзи ҷаҳонии Қудс аст .
Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ ( раҳ )-бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.
Ба ҳамин муносибат сардор Рамазони Шариф-сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ имрӯз ҷумъа дар ҷамъи роҳпаймоёни рӯзи Қудс дар Кирмон ( ҷануби шарқи Эрон ) бо баёни инки тарҳи режими ҷаълии саҳюнистӣ барои густариши давлати ҷаълии Исроил аз Нил то Фурот буд, шикаст хурдааст, гуфт : Саҳюнистҳо барои эҷоди давлати ҷаълии яҳудӣ, Фаластинро ишғол карданд, аммо номгузории ҷумъаи охири моҳи Рамазон ба унвони рӯзи Қудс фурсатеро муҳайё кард, то кишварҳои исломӣ дар муқобили Исроил муттаҳид ва насли ҷадид бо иқдомоти саҳюнист ошно шаванд .
Сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд : Имрӯз режими саҳюнистӣ дар марҳалаи варшикастагӣ аст ва ҳамаи мақомоти сиёсии собиқи саҳюнистӣ ин истилоҳоти ҳақиронаро ба кор мебаранд, ки мо дар остонаи шикаст ҳастем ва инро мегӯянд то арбобони онҳо тарҳи наве бирезанд .
Сардор Шариф бо ишора ба тақвияти меҳвари муқовимат ва муҳоҷирати яҳудиҳо аз Исроил гуфт : Ин нишонаи шикасти Исроил аст ва дар муқобил ҷабҳаи муқовимат ҳар рӯз қавитар мешавад.
Раиси ситоди интифозаи Фаластин таъкид кард : Имрӯз дар Фаластин ҳарфе аз созиш ва таслим намезананд ва ин ба баракати инқилоб ва рафтори ҷабҳаи муқовимат ва тадобири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва сипаҳбуди шаҳид, ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва шогирдони мактаби ӯ аст .