Сафорати Эрон : Теҳрон дар умӯри дохилии Туркия дахолат намекунад
Сафорати Эрон дар Туркия иддаоҳои матраҳшуда аз сӯи як нашрияи туркияӣ дар бораи баргузории маросими ифторӣ бо аҳзобу ҷараёнҳои мухталифи сиёсиро рад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Эрон дар Туркия дар баёнияе бо ишора ба интиқоди яке аз нашриёти ин кишвар ба дидорҳову барномаҳои сафорати Эрон дар моҳи Рамазон ва даъват аз бархе гуруҳҳову ҷараёнҳои сиёсӣ эълом кард : Ин меҳмониҳо ҷузви суннатҳои сафорати Эрон дар моҳи мубораки Рамазон буда ва Теҳрон дар умӯри дохилии Туркия дахолат намекунад.
Дар баёнияи сафорати Эрон дар Туркия омадааст : Дар ин ҳол Эрону Туркия дар масоили минтақаӣ назири буҳрони Сурия бо ҳам ҳамкорӣ доранд, ки дар қолаби раванди Остона дунбол мешавад .
Нашрияи "Яни шафақ " бо ишора ба дидорҳои анҷомгирифта дар сафорати Эрон дар маросимҳои ифтории моҳи мубораки Рамазон муддаӣ шуд, ки ин дидорҳо бо аҳзоби мухолифи давлат тартиб дода шуда ва мавзӯи хурӯҷи низомиёни Туркия аз Сурия матраҳ шудааст .
Яни шафақ ба иттихози мавозиъи зиддиэронӣ ва мухолифат бо сиёсатҳои минтақаии Эрон маъруф аст .