Раисӣ : Мавзеи Эрон дар ҳимоят аз Фаластин ҳеҷ тағйире накардааст
(last modified Sat, 15 Apr 2023 05:15:37 GMT )
Апрел 15, 2023 10:15 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Мавзеи Эрон дар ҳимоят аз Фаластин ҳеҷ тағйире накардааст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар пойдории Ҷумҳурии исломӣ бар мавзеи худ дар ҳимоят аз Фаластин гуфт : Оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ хиёнату ханҷаре аз пушт бар миллати Фаластин аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар паёми тасвирӣ барои иҷтимоъи раҳбарону фармондеҳони гуруҳҳои фаластинӣ ва мардуми Ғазза ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс афзуд : Миллати Эрон ба фармуда ва ба табаъият аз шаҳиди бузурги ин моҳ, ҳазрати Алӣ (а) ҳамвора бо золимону ғосибон дар ситезу ҳомии мазлӯмон ва аз ҷумла мардуми мазлӯми сарзамини ғасбшудаи Фаластин буда ва хоҳад буд. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки миллати Фаластин дар айни мазлӯмият қаҳрамони муқовимат будаву истодагии мисолзаданӣ аз худ ба намоиш гузоштааст, тасреҳ кард : Солҳо истодагии мардуми устувори Фаластин пои ормони озодии Фаластину Қудс назди башарият шоистаи тақдир аст . Раисӣ бо тамҷид аз ҳамосаофариниҳои фаластиниён афзуд : Бар ҳамаи шуҳадои бузурги ормони Қудси шариф ва аз ҷумла сардори сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ҳамаи мардон, занон ва ҷавонону навҷавонони азизе, ки барои дифо аз Фаластин тамоми зиндагӣ ва ҷони ширини худашонро дар табақи ихлос ниҳоданд ва бар ҳамаи модарон, ҳамсарон, хоҳарону занони ғайратманд ва сабуру муқовими фаластинӣ мебояд дуруд фиристод . Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс тасреҳ кард : Агар то дируз иддае даври мизҳои сиёсӣ менишастанд, то барои миллати Фаластин тасмим бигиранд, имрӯз ин гуруҳҳои ҷиҳодӣ ҳастанд, ки ибтикори амалу халлоқиятро дар даст доранд.