Эрон рекордори рушди тавлиди худрав дар соли 2022
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100978-Эрон_рекордори_рушди_тавлиди_худрав_дар_соли_2022
Оморҳои мунташиршуда нишон медиҳад Эрон рекордори рушди тавлиди худрав дар соли 2022 дар сатҳи ҷаҳони буда адст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 16, 2023 09:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон рекордори рушди тавлиди худрав дар соли 2022
    Эрон рекордори рушди тавлиди худрав дар соли 2022

Оморҳои мунташиршуда нишон медиҳад Эрон рекордори рушди тавлиди худрав дар соли 2022 дар сатҳи ҷаҳони буда адст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон оморҳо бештарин афзоиши тавлид дар байни кишварҳои бо тавлиди беш аз 1 миллион дастгоҳ марбут ба Эрон аст ва баъд аз Эрон Инданезия бо рушди ҳудуди 30 дарсади дар рутбаи дувум қарор гирифта аст.

Тавлиди худрави Эрон дар соли 2021 ҳудуди 960 ҳазор дастгоҳ буд, ки дар соли 2022 бо афзоиши тавлиди 300 ҳазор дастгоҳ тавлиди худрав ба ҳудуди 1 миллиону 260 ҳазор дастгоҳ расид, ки афзоиши 31.02 дарсади тавлид дар муқоиса бо соли 2021-ро сабт карда аст.

Омор нишон медиҳад Олмон бо 11 дарсад Испания бо 6 дарсад ва Фаронса бо 2 дарсад афозиш ва кишвари Словакия низ бо коҳиши 3 дарсади нисбат ба соли 2021 муваҷаҳ буданд.