Таҷдиди аҳду паймони фармондеҳони артиши Эрон бо ормонҳои Имом Хумайни (раҳ)
(last modified Mon, 17 Apr 2023 06:50:54 GMT )
Апрел 17, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  • Таҷдиди аҳду паймони фармондеҳони артиши Эрон бо ормонҳои Имом Хумайни (раҳ)
    Таҷдиди аҳду паймони фармондеҳони артиши Эрон бо ормонҳои Имом Хумайни (раҳ)

Фармондеҳон ва нерӯҳои артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар остонаи Рӯзи артиш, бо ормонҳои бунёнгузори кабири Инқилоб ва Раҳбари муаззами Интиқоби Исломӣ таҷдиди аҳду паймон карданд.

29 фарвардин( 18 апрел) дар тақвими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ба номи Рӯзи артиш номгузори шудааст.

Номгузории 29 фарвардин ба номи Рӯзи артиш аз ибтикороти Имом Хумайни (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон буд؛ Онҳам дар шароите, ки артиши Ҷумҳурии Иломии Эрон бо коршиканиҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ буд.

Ба гузориши Ирно, фармондеҳони артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (душанбе) бо ҳузӯр дар марқади муттаҳари Имом Хумайни (раҳ) ва  адои эҳтиром ба рӯҳи пур футуҳи шуҳадо, бо эҳдои гул ва қироъати фотиҳа бо ормонҳои Имоми Роҳил ва Инқилоби Исломӣ таҷдиди аҳду паймон карданд.