Декабр 20, 2016 11:13 Asia/Dushanbe
  • Эрон террори сафири Русия дар Туркияро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон террори сафири Русия дар Туркияро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Русия ва хонаводаи дипломати аршади ин кишвар таъкид кард, ин амали ҷинояткорона баёнгари он аст, ки террористҳои вобаста ба ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ ба ҳеҷ як аз меъёрҳо, мавозин ва ҳуқуқи байналмилалӣ пойбанд нестанд ва бо ҳадафи эҷоди ихтилоф миёни кишварҳо ва ноамниву бесуботии ҳар чӣ бештар дар минтақа , ба ин гуна иқдомоти ваҳшёна даст мезананд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон то решакании комили падидаи шумм терроризм, дар канори давлатҳо ва миллатҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳад истод.

 Сафири Русия дар Туркия асри душанбе ҳангоми боздид аз як намоишгоҳи акс дар Анкара, бар асари тирандозии фарди мусаллаҳе, ки ба гуфтаи мақомоти амнияти Туркия аз нерӯҳои полиси ин шаҳр будааст, кушта шуд.

 

Барчасп