Тафсир - Таъбири раҳбари инқилоб аз озодӣ
(last modified Thu, 20 Apr 2023 11:55:07 GMT )
Апрел 20, 2023 16:55 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Таъбири раҳбари инқилоб аз озодӣ

Раҳбари муаззами инқилоб дар дидор бо ҷамъе аз донишҷӯён бо таъкид бар аҳаммияти озодӣ, унвон карданд, озодӣ абъоди мухталифе дорад ва бояд ба каромати инсонӣ мунҷар шавад.

Озодӣ яке аз меҳварҳое аст, ки қудратҳои ғарбӣ рӯи он манёвр медиҳанд ҳам ба лиҳози таблиғот барои худ ва ҳам фишор ба кишварҳои ноҳамсӯ бо худ назири Ҷумҳурии исломии Эрон. Доли марказии озодӣ аз манзари Ғарб, фардмеҳварӣ ва дунёгароӣ аст. Ғарб озодӣ дар ҳавзаи сиёсиро низ то ҳадде қабул дорад, ки бо арзишҳо ва ҳанҷорҳои ғарбӣ дар таоруз набошаду онро ба чолиш накашонад.

Ин таъриф ва бардошт аз озодӣ мавриди қабули дини мубин Ислом нест. Ислом зимни инки бар озодии инсонҳо таъкид дорад, ҳеҷ тамоюзе байни инсонҳо ба лиҳози нажод, дин, ранг ва . . . қоил нест. Аз назари дини мубини Ислом, озодб ҳам баъди дунявӣ ва ҳам ухравӣ дорад ва ҳам бояд дунё ва ҳам охирати инсон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. Таърифи озодӣ дар маҳдӯдаи зиндагии дунёӣ, таназзул додан озодӣ аст. Аз диди дини мубини Ислом, ҳадафи ниҳоии озодии таъолии инсон аст на таназзули инсон ба мавҷӯде сирфан шаҳавонӣ.

Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори донишҷӯён дар ин замина, унвон карданд: "Озодӣ хеле муҳим аст. Муҳимтарин бахши назарияи озодӣ дар Ислом, озодӣ аз ин чаҳорчӯб модда аст. Нигоҳи моддӣ мегуяд, шумо як рӯз дунё омадед, чанд сол ҳам зиндагӣ мекунед, баъд ҳам маъдӯм мешавед, ҳамаи мо маҳкӯм ба маъдӯм шудан ҳастем. Дар ин қафаси моддӣ, як озодиҳое ба шумо медиҳанд; озодии шаҳват, озодии ғазаб, озодии зулм, ҳамаҷур озодӣ; ин озодӣ нест. Озодӣ, озодии исломӣ аст; ислом моро дар чаҳорчӯби модда маҳсӯр намекунад . . . Мурдан, охири кор нест; мурдан шурӯи як марҳалаи ҷадид, [ва дар воқеъ] марҳалае аслӣ аст. Вақте шумо бо ин нигоҳ, нигоҳ кардед, он вақт метавонед авҷ бигирид ва дигар барои ҳаракати шумо, барои пешрафти шумо, барои таъолии шумо ҳадде вуҷӯд надорад; ин озодӣ аст."

Мавзӯи дигар ин аст, ки дар дунёи Ғарб, озодиҳои сиёсӣ ва иддаоҳои ҳуқуқи башарӣ то ҷое маъно пайдо мекунад, ки нуфӯзи сиёсӣ ва фарҳанги Ғарбро дар ҷаҳон ба чолиш накушуд. Исломҳаросӣ ва иҳонат ба Паёмбари Акрам(с) ва Қуръони Карим ва ҳимояти давлатҳо аз чунин иқдомҳое, аз ҷумлаи масодиқи рафтории Ғарб аст, ки нишон медиҳад, озодии сиёсӣ дар ҷавомеъи ғарбӣ, дар амал сирфан як иддао ва таблиғ аст. Дар воқеъ, Ғарб аз озодии сиёсии мавриди иддаои худ ва ҳамчунин ҳуқуқи башар, ки онро дар ростои озодии афрод таъриф мекунад ба унвони аҳруме барои фишор ба дигар кишварҳо баҳра мегирад.

Раҳбари инқилоб дар дидори донишҷӯён раҳо шудан аз асорати таҳаҷҷур ва ҷумуд ва хумуд ва ақибмондагиҳои гӯногӯн ва таассуботи бемавриду раҳоӣ аз асорати абарқудратҳо ва раҳоӣ аз асорати диктаторҳоро дар канори озодии шахсӣ ва озодии ақида баён карданд, ки мавриди таъкид ва ҳимояти Ислом қарор дорад.