Посухи муҳлики Сипоҳи посдорони Эрон ба ҳар гуна хатои муҳосиботии душман
Порс Тудей - Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон дар баёнияе ба муносибати оғози Ҳафтаи дифои муқаддас таъкид кард: Дар сӯрати бурузи ҳар гуна хатои муҳосиботии ҷадиду таҷовузгарӣ аз сӯи душман, Ҷумҳурии исломӣ бо дасти бартар ибтикори амалро дар майдони набард дар ихтиёр хоҳад дошт ва посухи мӯҳлик(марговар) ва ибратомӯзи дигаре ба ӯ хоҳад дод.
Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон зимни гиромидошти ёд, ном, хотира ва ҳамосаофариниҳои шаҳидон, исоргарону размандагони Дифои муқаддаси ҳаштсола ва 12 рӯза, эълом кард, ки бо сипос аз ҳӯшмандӣ ва иттиҳоди муқаддаси эрониёни ғаюр барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиду таарруз аз сӯи урдӯгоҳи хасм алайҳи меҳани исломӣ, ҳушдор медиҳад, ки ҳар гуна хатои душманон бавижа режими ҷаълӣ ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳайати ҳокимаи мустакбиру дағалбози Амрико нисбат ба манофе ва амнияти миллӣ ё қаламрави сарзаминии Ҷумҳурии исломӣ, бо вокунише қотеъ, кубанда, бамавқеъ ва пушаймонкунандаи неруҳои мусаллаҳу мудофеъони муқтадири ватан бавижа “Посдорони рашиди Инқилоби исломӣ” мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар идома ҳамчунин омада, ки омодагиҳои ҳамаҷонибаи размӣ, тадбири роҳбурдӣ, амнияти мардумпоя, тавони иттилоотӣ, дифои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ, мушакӣ ва сойберӣ ва ҳимояти бедареғ аз муқовимат ва соири арсаҳои майдон дар болотарин сатҳ, омода ва муҳайё барои иқдоми мутақобил ҳастанд.