Апрел 20, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Маҳкумияти таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ кофӣ нест
    Раисӣ: Маҳкумияти таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ кофӣ нест

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо ишора ба иқдоми ҷинояткоронаи ахири режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Масҷидул-Ақсо ва рӯзадорони бедифоъи фаластинӣ, сирфи маҳкумият ва эъмоли инзиҷор дар баробари ин таҷовузгариҳоро кофӣ надонист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар зиёфати ифтор бо сафирон ва кордорони кишварҳои исломӣ зимни табрики пешопеши иди Саъиди Фитр бо ишора ба иқдоми ҷинояткоронаи ахири режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Масҷидулақсо ва рузадорони бедифоъи фаластинӣ сирфи маҳкумият ва эъломи инзиҷор дар баробари ин таҷовузгариҳоро кофи надонишст ва таъкид кард: Имруз интизори миллатҳои мусалмон иқдоми амали дар муқобила бо ҷиноятгариҳои режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин аст.

Раисӣ роҳкори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи масъалаи Фаластинро ҳамон ибтикор ва пешниҳоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабни бар таъини сарнавишт ва ташкили ҳукумати мавриди назари фаластиниён бо муроҷеъа ба орои мардуми Фаластин донист.

Раисӣ сиёсати ҳамсояги ва иртибот бо кишварҳои исломиро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва дар бораи кишвари ҳамсоя, Афғонистон ба унвони узви аз пайкараи ҷаҳони ислом гуфт: Ҳалли мушкилоти мардуми мазлуми Афғонистон бо ташкили ҳукумати фарогир ба намояндаги аз ҳамаи ақвом, мазоҳиб ва мардуми Афғонистон мавриди таъкид ва ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Раисӣ бо баёни ин ки сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи Ироқ, Яман ва Сурия пешгири аз таҷзияи ин кишварҳост бар ҳифзи тамомияти сарзамини ва таҳаққуқи иродаи мардум дар ин кишварҳо таъкид кард.

Вай бо ишора ба нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила ва решакании терроризм дар минтақа изҳор дошт: Шаҳиди сарафзоро генерал Қосими Сулаймонӣ, Маҳди Алмуҳандис ва ёронаш дар муқобилаи фитнаи гуруҳҳои террористӣ истодаги карданд, аммо қаҳрамонони мубориза бо терроризм дар минтақа ба дасти амрикоиҳо, ки омили аслии пайдоиши ДИИШ буданд ба шаҳодат расиданд.

Раисӣ дар поён ба аҳамияти нақши сафирони кишварҳои исломӣ дар рушди равобит бо кишварҳо ва интиқоли ахбори дақиқ ва воқеъи ишора карду гуфт: Сатҳи кунунии равобити тиҷори миёни кишварҳои исломӣ кофи нест ва муътақидем бо таваҷуҳ ба зарфиятҳои мавҷуд дар кишварҳои исломӣ ин равобит метавонад рушди бештар ёбад.