Афзоиши ҳаҷми тиҷорати Эрону Русия
(last modified Sun, 23 Apr 2023 13:09:24 GMT )
Апрел 23, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳаҷми тиҷорати Эрону Русия

Раиси шӯрои тиҷории Русия ва Эрон гуфт, бо барномарезиҳои ба амали омада, ҳаҷми тиҷорати 2 кишвар то соли 2025 ба ҳафт миллиарду 500 миллиондоллар хоҳад расид.

Ҳодии Тезҳуши Тобон, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Русия субҳи имрӯз (якшанбе) дар дидор бо Леонид Лужечко, раиси ҷадиди шӯрои тиҷории Русия ва Эрон дар Маскав бо ишора ба раванди рӯ ба рушди равобити иқтисодӣ, Эрон ва Русия гуфт, тоҷирони ду кишвар бояд дарёмеҳвар амал кунанду фаъолияти тиҷории худро дар дарёи Хазар афзоиш диҳанд.

Вай бо таъкид бар инки давлату бахши хусусӣ дар Эрон ба дунболи тавсеа новгон аст, тасреҳ кард, Утоқи бозаргонии Эрон бо ҳамкории Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Русия қарор аст ҳайати бузурге аз туҷҷор ва бозаргонони эрониро барои ширкат дар ҳамоиши исломии Қазон эъзом кунад.

Раиси Шӯрои тиҷории Русия ва Эрон низ дар ин дидор гуфт, равобити иқтисодӣ ва тиҷории Эрону Русия дар ҳоли рушд буда ва ҳадаф аз фаъолияти муштараки дуҷониба, рушду тавсеаи ин фаъолиятҳо аст.

Вай афзуд, тавсеаи зерсохтҳои луҷистӣ ва ҳалли мушкили нақлу интиқолоти манобеи молӣ дар авлавияти кории Русия аст.

Раиси Шӯрои тиҷории Русия ва Эрон ҳамчунин гуфт, бо барномарезиҳои ба амал омада ҳаҷми тиҷорати 2 кишвар то соли 2025 ба ҳафт миллиарду 500 миллиондоллар хоҳад расид.