Паёми табрики Пашинян ба Раҳбари муаззами инқилоб ва раисиҷумҳури Эрон
Нахуствазири Арманистон, иди Фитрро ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва раиси Ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфт.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи якшанбе дар паёме фарорасидани иди Саиди Фитрро ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфт.
Дар паёми Пашинян хитоб ба раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон омадааст: «Фаро расидани иди Саиди Фитрро, ки намоди поёни таҳзиби нафсу рӯзадорӣ аст ба шумо ва миллати дӯсти Ҷумҳурии исломии Эрон табрик мегӯям. Давлату мардуми Арманистон барои равобити гарми Арманистону Эрон бо қидмати ҳазоронсола арзиши зиёде қоил ҳастанд. Оянда ба нафъи мардум ва суботи минтақа аст.»
Дар бахше аз паёми нахуствазири Арманистон ба раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ зимни табрики иди Фитр омадааст: Умедворам, ки ба далели иродаи сиёсӣ ва мушорикати пойдор шоҳиди густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар ростои рифоҳи мардуми Арманистон, Эрон ва амният минтақа бошем ва бо истифода аз ин фурсат, муваффақиятҳои ҷадид ва сулҳи пойдорро барои миллати Эрон орзӯмандам.