Апрел 25, 2023 16:55 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди беш аз 252 миллион бушка гази моеъ дар полоишгоҳои Порси Ҷанубӣ
    Тавлиди беш аз 252 миллион бушка гази моеъ дар полоишгоҳои Порси Ҷанубӣ

Мудиромили муҷтамаъи гази Порси Ҷанубӣ аз тавлиди беш аз 252 миллион бушка гази моеъ дар саросари полоишгоҳои ин муҷтамаъ хабар дод.

Майдони гази Порси Ҷанубӣ бузургтарин майдони гази ҷаҳон аст, ки дар Халиҷи Форс ва ба таври муштарак дар обҳои сарзаминии Эрон ва Қатар қарор дорад.

Ҳаҷми захираи ҷории гази табиъи майдони Порси Ҷанубӣ дар ҳудуди 51 трилион метри мукаъаб ва захираи қобили бардошти он 36 тириллион метри мукаъаб баровард мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмади Боҳуш мудиромили муҷтамаи гази Порси Ҷанубӣ дар мавриди тавлиди гази моеъи ин маҷмуъа дар соли 1401 гуфт: Беш аз 252 миллион бушка гази моеъ дар саросари полоишгоҳои муҷтамаъ тавлид шуд.

Мудиромили муҷтамаъи гази Порси Ҷанубӣ афзуд: Соли гузашта ҳамчунин бо барномарезии дақиқ ва таъмироти муносиб ва истифода аз қатаъот ва таҷҳизоти бокайфияти сохти дохили беш аз 527 ҳазор тонна гугери марғуб дар полоишгоҳои муҷтамаъ тавлид шуд.

Аҳмади Бошҳуш таъкид кард полоишгоҳои муҷтамаъи гази Порси Ҷанубӣ акнун беш аз 70 то 80 дарсад гази мавриди ниёзи кишварро таъмин мекунанд, ки ин дарсад тавлид дар ояндаи наздик бештар хоҳад шуд.