Таъкиди Раисӣ бар иртиқои равобити тиҷории Эрон ва Қазоқистон
(last modified Thu, 27 Apr 2023 04:06:12 GMT )
Апрел 27, 2023 09:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар иртиқои равобити тиҷории Эрон ва Қазоқистон
    Таъкиди Раисӣ бар иртиқои равобити тиҷории Эрон ва Қазоқистон

Раиси Ҷумҳӯри Эрон гуфт: Гарчӣ рушди қобили таваҷҷӯҳи равобити тиҷории Эрон ва Қазоқистон дар соли гузашта вазъиятро нисбат ба қабл мутафовит карда, аммо ин сатҳ аз равобити мутаносиб бо зарфиятҳзи дукишвар нест ва бояд барои иртиқои он талош музоъаф дошта бошем.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳим Раисӣ дар дидори " Алихон Исмоилов" нахуствазири Қазоқистон, ки ба манзури пайгирии иҷроӣ шудани тавофуқоти анҷом шуда байни руасои Ҷумҳӯри дукишвар ба Теҳрон сафар карда, дар рушди равобити фимобайн ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин хостори таваҷҷӯҳ ба рушди  равобити фарҳангӣ ва тамаддунии Эрон ва Қазоқистон шуд ва эҷоди Кумитаи фарҳангии муштарак барои иртиқои равобит дар ин ҳавзаро зарурӣ донист.

Нахуствазири Қазоқистон низ бо ибрози алоқа нисбат ба рушд ва таъмиқи равобити кишвараш бо Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба вижа дар заминаи сармоягузориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, гуфт: Ҳаҷми равобити ду кишвар мутаносиб бо зарфиятҳои мавҷӯд нест ва ба ҳамин далел нақшаи роҳе барои рушди ҳамкориҳои оянда тарроҳи кардаем.

Алихон Исмоилов, ибрози умедвори кард бо тасреҳ дар иҷроӣ шудани тавофуқоти Теҳрон-Остона дар ҳавзаҳои мухталиф, афзоиши сатҳи ҳамкориҳои тарафайн манофеъу дастовардҳои малмусе барои думиллат дошга бошад.