Июл 30, 2016 17:43 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии вазири дифои Ироқ аз Эрон барои мубориза бо ДИИШ

Вазири дифои Ироқ, кӯмакҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро ба он кишвар дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ сутуд.

Холид Убайдӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Пресс Тв, гуфт, ҳамкории низомии матлубе байни Эрон ва Ироқ вуҷӯд дорад ва Эрон ба таври мустақим ва ғайримустақим аз нерӯҳои амниятии Ироқ барои озодсозии шаҳри Мӯсил аз ишғоли ДИИШ ҳимоят мекунад.

Убайдӣ афзуд, Эрон дар мавқеиятҳои пуршумор аз Ироқ дар мубориза бо терроризм ҳимоят кардааст ва ба ин ҳимоятҳо идома медиҳад.

Вай таъкид кард, муҳандисон ва мушовирони низомии эронӣ бо ҳамоҳангии комил бо артиши Ироқ ба ҳимоят аз нерӯҳҳои ироқӣ мепардозанд.

Холид Убайдӣ ҳамчунин дар бораи ҳузури мусташорони эронӣ дар Ироқ гуфт, мусташорони эронӣ бо ризояти давлати Ироқ дар хоки ин кишвар ҳузур доранд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, фақат нерӯҳҳои ироқӣ дар амалиёти озодсозии Мӯсил, маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ ширкат хоҳанд дошт ва давлати Ироқ бо ҳаргӯна ҳузури заминии эътилофи зидди ДИИШ мухолиф аст.

Холид Убайдӣ гуфт, давлати Ироқ бар асоси ниёзмандиҳо, мушорикати нерӯҳои ҳавоии эътилофро дар ҷанги озодсозии Мӯсил баррасӣ хоҳад кард.

Пеш аз ин Joseph Votel - фармондеҳи марказии артиши Амрико ва  Antony Blinken-мушовири муовини вазири умури хориҷаи Амрико, гуфта буданд, ки Амрико ва ҳампаймонон барои мушорикат дар ҷанги Мӯсил омода мешаванд.

Барчасп