Вазири дифои Эрон : Эрону Чин монеъи таҳаққуқи рӯйкардҳои якҷонибагароёнаи Амрико ҳастанд
(last modified Sat, 29 Apr 2023 08:47:49 GMT )
Апрел 29, 2023 13:47 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон : Эрону Чин монеъи таҳаққуқи рӯйкардҳои якҷонибагароёнаи Амрико ҳастанд

Вазири дифои Эрон гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрону Чин бо шинохти аҳдофи НАТО ва Амрикову муттаҳидонаш ҳамвора талош кардаанд ,то монеъи таҳаққуқи рӯйкардҳои якҷонибагароёна ва тамомиятхоҳи Ғарб дар мавриди кишварҳои мустақил шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Муҳаммадризо Оштиёнӣ-вазири дифои Эрон дар дидор бо Ли Шонг Фу дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҳинд бо баёни инки Эрону Ҷумҳурии халқи Чин аз шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ дарки саҳеҳ доранд, афзуд : Бо таъомулу ҳамкории байни кишварҳои ҳамсӯ метавон бо чолишҳову таҳдидоти муштараки амниятӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон муқобила кард .
Оштиёнӣ бо ёдоварии нақши Амрико дар шарқи Аврупо, ғарби Осиё ба буҳронсозӣ ва танишофаринӣ гуфт : Сиёсатҳои Амрико як таҳдиди муштарак барои Эрон ва Чин аст.
Оштиёнӣ бо ишора ба баргузории размоиши муштараки баҳрии Эрон, Чин ва Русия дар қолаби камарбанди амнияти дарёӣ тасреҳ кард : Ин мавзӯъ нишон дод ҳар се кишвар мухолифи нигоҳи султаҷӯёнаи Ғарб ва Амрико ҳастанду Эрон омодагӣ дорад размоишҳо ва тамринҳои муштарак дар заминаҳои дарёӣ, заминӣ, ва падофанди ҳавоиро аз лиҳози сифатӣ ва миқдорӣ  густариш диҳад .
Ли Шонг Фу низ равобити Эрону Чинро бо тавваҷуҳ ба пешинаи таърихӣ ва тамаддунӣ муҳим арзёбӣ кард ва гуфт : Густариши равобит бо Эрон барои Чин аз аҳамияти боло ва роҳбурдӣ бархурдор аст .
Вазири дифои Чин иртиботу таъомул миёни Эрону Чинро бо тавваҷуҳ ба иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар дар миёни тағироти муҳими ҷаҳонӣ боаҳамият тавсиф ва бар густариши равобиту ҳамкориҳои дифоӣ-низомии ду кишвар таъкид кард.
Дар бисту дуюмин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҷумъа шонздаҳуми сентябри 2022 ба мизбонии кишвари Узбекистон баргузор шуд, узвияти расмии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин созмон эълом шуд.