Апрел 30, 2023 08:54 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи неруи дарёӣ артиш: Новгуруҳи 360 ҳамаи ҷаҳонро мабҳут сохт
    Фармондеҳи неруи дарёӣ артиш: Новгуруҳи 360 ҳамаи ҷаҳонро мабҳут сохт

Фармондеҳи неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Новгуруҳи 360 ҳамаи ҷаҳонро мабҳут сохт.

Новгуруҳи 86(360) неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли гузашта 2022 маъмуриятҳои худро оғоз кард ва бар асоси барномарези як бор гирди курраи замин гардиш кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон адмирал Шаҳроми Эронӣ дар дидор бо хонаводаҳои коркунони новгуруҳи 360 ин неру дар минтақаи имомати неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Новгуруҳи 360 падидае буд, ки нахустин бор дар таърихи Эрон рух дод ва ҳамаи ҷаҳонро мабҳут сохт.

Адмирал Эронӣ афзуд: Фарзандони ғайюри Эрон дар ин сафар талош карданд то фарҳангӣ эрони исломиро дар гирдогирди ин кураи хоки ба намоиш бигузоранд.

Фармондеҳи неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард: Новгуруҳи 360 бо тай кардани арзи уқёнуси Ором ва паймудани тулонитарин масири уқёнуси ҷаҳон ҳашт ҳазор мойли дарёӣ ва 15 ҳазор километр дар канори искелеи Рио-де-Жанейрои Бразил намози ҷамоъатро бо иқтидор иқомат карданд ва ҳатто дар намози ҷамаъоати шиъаёни Бразил ҳузур пайдо карданд ва усусли фарҳангии ва эътиқодии худро дар садр қарор доданд.  

Барчасп