Таҳлил: Ҷаҳоди бузурги ҷомеъаи коргарӣ ва мисодиқи он аз диди Раҳбарӣ
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори беш аз ҳазор нафар коргарон, аъзои ташакулҳои коргарӣ ва масъулони Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ, зимни тамҷид аз нақши коргарон дар иқтисодӣ Эрон, аз рафтори ҷомеъаи коргарӣ дар муқобили душманон бо унвонӣ «Ҷаҳоди бузурги ҷомеъаи коргарӣ» ёд карданд.
Беш аз ҳазор нафар аз когарон, аъзои ташакулҳои коргарӣ ва масъулони Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ бо Раҳбари муззами инқилоби исломӣ дидор карданд. Ин дидор аз ҷулаи дидорҳои ҳар солаи Раҳбари инқилоб аст, ки нишон аз нишон ва ҷойгоҳи муҳими ҷомеъаи коргарӣ назди Ишон дорад. Иллати аслии ин шанъ ва ҷойгоҳи муҳим ноши аз нақше аст, ки корагрон дар иқтисоди Эрон ва ба тарви хос дар бахши тавлид ифо микунанд. Раҳбари инқилоб дар ин замина зимни таъкид бар лузуми иртиқои зиндагии ҷомеъаи коргарӣ, гуфтанд: « Иртиқои зиндагии коргар ва итминони хотираш ба амнияти шуғлӣ ва чархаи роҳати зиндаг, боиси афзоиши кайфияти кор ва маҳсӯл мешавад бинобарин, ҳар талоше барои иртиқои зиндагии коргарон, боиси сармоягузорӣ барои суди бештар аст.»
Нуктаи ҳоизи аҳамияти дигар дар суханони рӯзи гузаштаи Раҳбари инқилоб дар ҷамъи ҷомеъаи коргарӣ, ба кор бурдани иборати «Ҷаҳоди бузурги ҷомеъаи коргарӣ» барои иқдоми ин бахш аз ҷомеъа дар муқобили душманон буд. Барои ҳамин низ Раҳбари инқилоб чанд мисдоқ баён карданд.
Мисдоқи аввал, 14 ҳазор шаҳид аз ҷомеъаи коргарӣ буд, ба таъбири Раҳбари инқилоб 14 ҳазор шаҳиди ҷомеъаи корагӣ нишонаи вафодории онҳо ба инқилоб ва низом аст.
Мисдоқи дуввум, улгуи рафтории корагрон дар муқобили гурӯҳакҳо ва мунофиқин дар аввоили инқилоби исломӣ буд. Дар солҳои аввали пирӯзии инқилоби исломӣ, бархе аз гурӯҳҳо сайъ доштанд бо иҷбори коргарон ба таътилоти коргоҳҳо замингир шудани инқилобро фароҳам кунанд, аммо ба таъбири Раҳбари инқилоб, «рафтори ҳушмандона» -и коргарон сабаби ноком мондани тавтиаи гурӯҳакҳо ва мунофиқин шуд.
Мисдоқи саввум, ҳамроҳи накардани коргарон бо душманони низом дар солҳои ахир буд. Тайи солҳои ахир, душманон ва ба таври хосе Амрико бо эъмол таҳримҳои ҳамаҷониба ва ба заъми худ фалаҷ кунанда алайҳи Эрон, сайъ кардан мардуми Эронро ба лиҳози иқтисодӣ таҳти фишор қарор дода ва заминаи тақобули онҳо бо низомро фароҳам кунанд.Ин ҳадафи душманон ба вижа бар ҷомеъаи коргарии Эрон мутамаркиз буд чаро, ки бахши зиёде аз чомеъаи корагӣ дар муқобили фишорҳои иқтисоди осебпазиртар аз дигарон ҳастанд. Бар ҳамин асос, Раҳбари инқилоб ҳушёрӣ ва таъсиргузорпазирии коргарон аз таҳрикоти бегонагонро «Ҷаҳоди бузурги ҷомеъаи коргарӣ» хонданд ва таъкид карданд: «То имрӯз натавонистаанд ва баъд аз ин низ ба ҳавру қувваи Иллоҳи нахоҳанд тавонист ҷомеъаи коргариро дар муқобили низом қарор диҳанд.»
Мисдоқи чаҳорум аз ҷаҳоди бузурги ҷомеъаи коргарӣ, марзбандии онҳо бо душманон аст. Ҷомеъаи корагии Эрон дар солҳои ахир нисбат ба вазъияти иқтисодии худ эътироз кард, ки Раҳбари инқилоб ин эърозҳоро «ба ҳаққ» ва «кумак ба давлату низом ва огоҳ кардани онҳо» унвон карданд. Ба иборати дигар, эътирозҳои ҷомеъаи коргарӣ сабаб шуд давлат ва низом дар хусуси мушкилоти ҷомеъаи коргарӣ ба дарки воқеъбинона бирасанд ва таваҷҷӯҳи бештаре ба ин қишр аз ҷомеъа дошта бошанд. Мавзӯъи дигар ин аст, ки душманони низом ва инқилоб сайъ карданд аз ин эътирозҳо баҳрабардории сиёсӣ карда ва онро «эътироз алайҳи низом» ҷилва диҳанд, аммо ба таъбири Раҳбари инқилоб «дар ҳамаи қазоиёи эътирозӣ, ҷомеъаи коргарӣ бо марзбандӣ ва эъломи марзбандӣ бо душман ва таъкид ба ҳамроҳи ва рафоқат бо низом нагузоштааст бадхоҳон аз эътироз ва таҷамӯъ суъистифода кунанд.»