Гурдон(бригада)ҳои Ал-Қассом ба маркази фармондеҳии Исроил хучум карданд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121132
Порстудей- Гурдон(бригада)ҳои Изуддин ал-Қассом, ҷиноҳи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), дар як изҳорот ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳи фармондеҳии артиши Исроилро эълон кард.
(last modified 2025-07-23T08:07:15+00:00 )
Июл 23, 2025 12:56 Asia/Dushanbe
  • Гурдон(бригада)ҳои Ал-Қассом ба маркази фармондеҳии Исроил хучум карданд

Порстудей- Гурдон(бригада)ҳои Изуддин ал-Қассом, ҷиноҳи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), дар як изҳорот ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳи фармондеҳии артиши Исроилро эълон кард.

Ҷунбиши низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) рӯзи сешанбе дар ин баёния эълом кард: Ситоди фармондеҳӣ ва назорати артиши Исроил дар ҷанубу ғарби шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро ҳадаф қарор додааст. Ал-Қассом афзуд: Ҳамла бо мушаки 114-милиметрии кӯтоҳпарвоз анҷом шуд. Бригадҳои Ал-Қассом қаблан аз тахриби як киштии низомии исроилӣ дар минтақаи ал-Ҷафравӣ дар ҷанубу шарқи Дайр ал-Бало дар маркази навори Ғазза бо мушаки Ёсин 105 хабар дода буданд.