Май 01, 2023 12:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд бо Шамхонӣ
    Дидори мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд бо Шамхонӣ

Мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд, ки ба Теҳрон сафар кардааст, бо Дабири Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Исно, Алии Шамхонӣ, Дабири Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон ва  Аҷит Довал мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд дар ин дидор дар бораи равобити сиёсӣ, амнияти ба вижа масоъили иқтисодии ду ва чанд ҷониба ва муҳимтарин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Шамхонӣ ва Довал соли  гузашта низ дар ҳошияи чаҳорӯмин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар Тоҷикистон бо якдигар дидор ва ройзанӣ карда буданд.

Барчасп