Муҷаҳҳаз шудани новшиканҳои неруи дарёии артиши Эрон ба мушаки Абумаҳдӣ
Фармондеҳи неруи дарёии артиши Эрон аз таҷҳизи новшиканҳои ин неру ба мушакҳои крузи Абумаҳдӣ хабар дод .
Докторинаи дифои Эрон асосан мубтанӣ бар асли боздорандагӣ тавсеа ёфтааст ; барои эҷоди боздорандагии воқеӣ доштани тавоноии низомӣ ва таслеҳотии муътабар ва дар ихтиёр доштани неруҳои мусаллаҳи қудратманду муҷаҳҳаз нақши асосӣ дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, амир дарёдор Шаҳроми Эронӣ-фармондеҳи неруии дарёии артиши Эрон бо баёни ин ки новшиканҳои муҷаҳҳаз ба мӯшакҳои крузи Абумаҳдӣ ба зӯдӣ рӯнамоӣ мешавад, гуфт: Мизони тахрибу бурди ин мӯшак қобили тавваҷуҳу бурдҳои болотар низ дар дастури кор аст .
Дарёдор Эронӣ афзуд: Ин мӯшак қобилияти болое низ дар муҳитии ҷанги электронӣ дорад .
Мӯшаки крузи Абумаҳдӣ аз тавлидоти саноеъи ҳавофазои Вазорати дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо бурди беш аз ҳазор километр аст, ки метавонад ҳар ҳадаферо нобуд кунад .
Вокуниши фаврӣ, мудирияти интихоби ҳадаф дар майдон,давр задани падофанди душман ва қобилияти шиллек аз умқ ҷузви вижагиҳои ин мӯшаки круз ба шумор меравад .