Ҳаддоди Одил: Тоҷикистониҳоро бо хатти форсӣ мусаллат кунем
(last modified Tue, 09 May 2023 12:43:51 GMT )
Май 09, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳаддоди Одил: Тоҷикистониҳоро бо хатти форсӣ мусаллат кунем
    Ҳаддоди Одил: Тоҷикистониҳоро бо хатти форсӣ мусаллат кунем

Раиси фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон гуфт: Мо бояд кумак кунем ҳар босаводи тоҷикисонӣ ҳамон андозае, ки ба хати сирилик тасалут дорад ба хати форсӣ тасаллут пайдо кунад.

Ба гузориши радои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил зимни ишора ба ҳузури Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар намоишгоҳи китоби сивучаҳорум баён кард: Бисёр хушҳолем аз ин ки имсол дустони тоҷикистонии мо меҳмони вижаи намоишгоҳ ҳастанд ва ба гумонам ин кор бояд зудтар аз ин анҷом мегирифт.

Вай бо баёни ин ки ҳузури ин кишвар дар намоишгоҳи китоби Теҳрон ба иртибототи фарҳангии ду кишвар равнақи бештари мебахшад идома дод: Ошноӣ мардуми Эрон бо нависандагони тоҷик, ки ба муносибати барпоӣ намоишгоҳи китоб ба Эрон сафар мекунанд беш аз пеш сурат хоҳад гирифт ва аз тарафе низ ошноӣ онҳо бо Эрон бештар хоҳад шуд.

У дар бораи ошноӣ мардуми Эрон бо бузургон ва адибони Тоҷикистон гуфт: Нависандагони муосири тоҷик дар Эрон низ шинохта шуда ҳастанд: Мо дар анҷуман осор ва мафохири фарҳангӣ ҳатто дар солҳои куруноӣ бузургдошти афроди ҳамчун Бобоҷон Ғафур, Бозор Собир ва Садриддин Айниро баргузор кардем, ки аз адибони муосири ин кишвар ба шуморе мераванд, аммо лозим аст дар муаррифии нависандангони тоҷик ва осори онҳо ба ҷомъеаи Эрон бо барномарези иқдоми бештари кунем.

Раиси фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ба ношири эронӣ ки осори нависандагони тоҷикӣ мунташир мекунад ишора ва баён кард: Табдили хати форсӣ ба сирилик кори камунистҳо ва шуравӣ буд ва дар ҳоли ҳозир хати тоҷикҳо аст мо бояд кумак кунем, ки ҳар босаводи тоҷикӣ ба хати форсӣ ё ниёкон ҳамон андозае, ки ба хати сирилик тасалут дорад ба хати форсӣ тасалут пайдо кунад.