Тафсир. Таъкиди муҷаддади Толибон бар риояти ҳақобаи Эрон аз шиор то амал
Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати муваққати Афғонистон, зимни ибрози тамоюл ба афзоиши ҳамкориҳои Теҳрон – Кобул, як бори дигар бар тааҳҳуди ин гуруҳ ба риояти ҳақобаи Эрон таъкид кард.
Амирхони Муттақӣ, ки барои ширкат дар нишасти сеҷониба бо вазирони хориҷаи Чину Покистон ба Исломобод сафар карда буд, дар нишастҳову мусоҳибаҳои мухталиф дар мавриди ин ки Толибон масъалаи ҳақобаи Эронро қабул дорад, борҳо мавриди таъкид қарор дод.
Ин мавзуъ ба муоҳидаи соли 1351 бармегардад, ки давлати Афғонистон дар қиболи ҳақобаи Эрон аз рӯди Ҳирманд тааҳҳуд дорад. Бо ин ҳол, гуруҳи Толибон, ки аз ҳудуди ду соли пеш муҷаддадан дар Афғонистон ба қудрат бозгаштаанд, борҳо дар сутуҳи мухталиф бар риояти ҳақобаи Эрон таъкид кардаанд, аммо дар амал ҳанӯз иттифоқе наафтодааст ва ба назар мерасад мақомоти Толибон сирфан ва ба шакли тактикӣ, ки назари Теҳронро ҷалб кунанд, дар мавриди ҳақобаи Эрон мавзеи мусбат гирифтаанд.
Сурӯши Амирӣ, коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: «Масъалаи ҳақобаи Эрон аз рӯдхонаи Ҳирманд танҳо масъалаи об нест, балки равобити ду миллат аст, ки аз назари таърихӣ дар як ҳавзаи тамаддунӣ қарор доранд ва дар ҳамон ҳол осори зистмуҳитии бетаваҷҷуҳии Афғонистон ба ҳақобаи Эрон низ матраҳ аст. Бинобарин Толибон ба унвони ҳокими Афғонистон набояд фақат бо лаффозӣ бихоҳад худро назди Эрон мусбат ҷилва диҳад, балки бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, Афғонистон ва ба хусус Толибон ба унвони ҳокими масъулиятпазир бояд ба тааҳҳудоташ амал кунад».
Ба ҳамин далел Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ахиран бар мутааҳҳид мондани давлати муваққати Толибон дар Афғонистон ба риояти мафоди муоҳидаи ҳақоба таъкид карду гуфт: “Ҳайати ҳокимаи муваққати Афғонистон бар хилофи мақомоти қаблии Афғонистон, бар ҳақобаи Эрон таъкид дорад.
Пас аз он Билол Каримӣ, сухангӯи Толибон зимни таъйиди изҳороти Амирабдуллоҳиён таъкид кард, давлати муваққати Толибон ба муоҳидаи 1351 дар бораи оби Ҳирманд мутааҳҳид аст.
Бо ин ҳол, он чӣ аз дидгоҳи давлату мардуми Эрон муҳим ва санади санҷиши эътибори суханону ваъдаҳои мақомоти Толибон аст, амал ба он аст.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта ҳамвора дар канори мардуми Афғонистон дар ҳар вазъияте буда ва ҳамвора ба унвони як ҳамсояи масъулиятпазир дар баробари Афғонистон дар ҳамаи давраҳо амал кардааст. Бинобарин зебандаи Толибон нест, ки ба унвони ҳокимияти динӣ ваъдаҳои бидуни амал бидиҳад.
Акрами Орифӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора мегӯяд: «Мардум ва давлати Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта бидуни ҳеҷ интизор ва чашмдоште ҳамвора аз давлату мардуми Афғонистон дар ҳар шароите ҳимоят кардаанд, бинобарин ҳокимияти Афғонистон низ фориғ аз ин ки чӣ касе дар Кобул дар қудрат бошад, бояд бо амал ба тааҳҳудоту муоҳидоти дуҷониба ҳусни нияти худро дар қиболи мардум ва давлати Эрон нишон диҳад ва интизоре беш аз ин низ аз ҳокимияти мубтанӣ бар идеологияи Толибон нест».
Дар ҳар ҳол изҳороти Амирхони Муттақӣ дар Андешакадаи мутолеоти роҳбурдии Исломобод, пойтахти Покистон дар ҷамъи хабарнигорон дар таъйиди ҳақобаи Эрон озмуни дигаре барои амалкарди Толибон дар ин хусус талаққӣ мешавад ва маҳофили минтақаӣ низ дар интизори амали Толибон ба чунин ваъдаҳое аст, ки ошкоро ва аз трибунҳои байналмилалӣ пахш мешавад. Пеш аз ин низ Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, аз мақомоти Толибон мавзуи ҳақоба байни Афғонистону Эронро ҳалшуда тавсиф карда буд.
Анъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи Толибон низ гуфта буд, Афғонистон ба ҳамаи тааҳҳудоте, ки аз пеш дар мавриди ҳақоба бо Ҷумҳурии исломии Эрон дошта, пойбанд аст. Аммо дар сатҳи ҳокимият мизони санҷиши амалкарди ҳар низому ҳукумат ба ваъдаҳояш асту Теҳрон интизор дорад Толибон бо поён додан ба жестҳои сиёсиву изҳороти тактикӣ ва сирфан авомписанд, аммо беҳосил ба унвони ҳокими масъул дар баробари ҳамсоягони худ рафтор кунад.
Бештар бихонед: