Шумори қурбониёни зилзилаи Афғонистон ба беш аз 800 нафар расид
Сентябр 02, 2025 11:05 Asia/Dushanbe
-
Зилзила дар Афғонистон
Порстудей - Бар асоси охирин эъломи ҳукӯмати Толибони Афғонистон , шумори қурбониёни зилзилаи ин кишвар ба болои 800 нафар расидааст.
Толибони Афғонистон рӯзи душанбе дар баёнияе зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои қурбониён ва зилзилазадагони вилоятҳои шарқии ин кишвар эълом кард : Ба тамоми органҳои марбути ҳукӯмати Афғонистон дастур дода мешавад, ки худро ба манотиқи осебдида бирасонанд ва барои кумак ба онҳо аз ҳамаи имконоти худ истифода кунанд. Дар заминларзаи якшанбешаб дар вилоятҳои шарқии Афғонистон ҳаштсаду дувоздаҳ нафар кушта ва беш аз ду ҳазору ҳаштсад нафар ҳам захмӣ шуданд.
Барчасп