Май 10, 2023 09:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар лузӯми пайгирии парвандаи террори шаҳидони Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори раиси Шӯрои олии қазоии Ироқ бар лузӯми пайгирии парвандаи террори шаҳидон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис, сардорони мубориза бо терроризм таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Саидиброҳими Раисӣ дар дидори Фоиқ Зайдон, раиси Шӯрои олии қазоии Ироқ дар Теҳрон, бо ишора ба тавзеҳоти вай дар бораи пайгирии парвандаи террори сардорони муқовимат гуфт, иродаи давлату низоми қазоии Ироқ дар пайгирии парвандаи ҷинояти ҳавлноки амрикоиҳо дар террори шаҳидон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис ва супурдани омирон, мубоширону омилони ин ҷиноят ба дасти адолат барои Эрон равшан аст.

Раисӣ бо таъкид бар инки иҷрои адолат дар парвандаи террори сардорони мубориза бо терроризм набояд машмӯли мурӯри замон шавад, изҳор кард, пайгирии ин парванда то ҳусӯли натиҷа нишон хоҳад дод, ки Эрону Ироқ дар иҷрои адолат, дар қиболи касоне, ки ба ҳеҷ мисоқу паймоне пойбанд нестанд, ҳеҷ мулоҳизае надоранд.

Вай бо ишора ба тадовуми ҳамкориҳои густардаи Теҳрон - Бағдод дар ҳавзаи энержӣ, бар лузӯми пайбандӣ ва тасреъи давлати Ироқ ба иҷрои тааҳҳудоташ таъкид кард.

Раиси шӯрои олии қазоии Ироқ низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти густариши равобиту ҳамкориҳои қазоӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард, яке аз муҳимтарин масодиқи ҳамкории қазоии ду кишвари ҳамсоя ва бародар, муҳокимаи ҳамаи афроде аст, ки дар ҷинояти террористӣ ба шаҳодати расондани сардорони мубориза бо терроризм мушорикат доштанд.

Зайдон ҳамчунин гузорише аз иқдомоти ин кишвар барои пардохти мутолиботи Эрон дар заминаи фурӯши газу барқ ба Ироқ ироа кард.

 

Барчасп