Май 13, 2023 09:52 Asia/Dushanbe
  • Сардор Қоонӣ : Ҷабҳаи муқовимат ба як меҳвари густарда дар минтақа табдил шудааст

Фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Ҷабҳаи муқовимат имрӯз аз як ниҳоли навпо ба як меҳвари густарда дар минтақа табдил шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,сардор Исмоили Қоонӣ-фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҷумъашаб дар чаҳордаҳумин ҳамоиши посдошти адабиёти ҷиҳоду муқовимат ва дар ҷамъи хонаводаи шуҳадои мудофеъи ҳарам дар Машҳад бо баёни инки шуҳадои Фотимиюн ҳам муҳоҷир ва ҳам муҷоҳид ҳастанд, тасреҳ кард : Мардуми мазлӯми Афғонистон ҳамеша мудофеъи ислом будаанд.
Сардор Қоонӣ афзуд : Даҳҳо ҳазор ҷавони қаҳрамони Афғонистон барои дифои иззатмандона аз ҳарами Аҳли байт ( ъ ) эъломи омодагӣ карда ва ба таври ҷиддӣ низ талош доранд то фарҳанги зиндагӣ бо иззатро ба хориҷ аз марзҳои худ интиқол диҳанд .
Сардор Қоонӣ ҳамчунин ба афзоиши тавони меҳвари муқовимат ишора ва тасреҳ кард : Ҷараёнҳои муқовимат дар Фаластин ва дар бархе аз рӯзҳо беш аз 30 амалиёт дар Каронаи бохтарӣ анҷом медиҳанд ва режими ишғолгари саҳюнистиро дармонда кардаанд .
Чаҳордаҳумин “Посдошти адабиёти ҷиҳоду муқовимат » ҳамроҳ бо интишори тақризи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бар китоби « Хотуну қумондон » тавассути Муассисаи пажӯҳишӣ - фарҳангии “ Инқилоби исломӣ баргузор шуд .
« Хотуну қумондон » ривояти зиндагии хонуми Уммулбанини Ҳусайнӣ, ҳамсари шаҳид Алиризо Тавассулӣ-фармондеҳи барҷаста ва пурифтихори лашкари Фотимиюн аст, ки дар 336 сафҳа ба қалами хонуми Марями Қурбонзода навишта ва тавассути нашри “Ситораҳо чопу мунташир шудааст.
 

 

Барчасп