Декабр 21, 2016 15:51 Asia/Dushanbe
  • Имзои 20 тавофуқи ҳамкорӣ дар сафари Руҳонӣ ба Қафқоз ва Осиёи Марказӣ

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Дар сафари раиси Ҷумҳурии Эрон ба се кишвари Қафқоз ва Осиёи Марказӣ 20 мувофиқатнома ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Иброҳими Раҳимпур муовини Осиё ва Уқёнусияи вазири хориҷаи Эрон афзуд: Дар сафари Руҳонӣ ба Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон 20 мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои кишоварзӣ, гумрук ва киштиронӣ дар Хазар, гардишгарӣ ва беҳдошт байни тарафҳо имзо хоҳад шуд.

Раҳимпур гуфт: Раиси ҷумҳурии Эрон ҳабдаҳ сафар ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд дошта ва 21 сафар ҳам аз сӯи мақомоти ин минтақа ба Эрон анҷом шуда, ки нишондиҳандаи нигоҳи Эрон ба Шарқ аст.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон ба вижагии ин се кишвари Осиёи Марказӣ ишора кард ва гуфт: Эрон бо Арманистон дар ҳавзаи барқ, бо Қазоқистон дар ҳавзаи уран ва бо Қирғизистон дар заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамкорӣ мекунад.

Раҳимпур дар хусуси барномаҳои давлати Эрон дар мавриди ҳазфи раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тасреҳ кард: Гурҷистон ва Арманистон қонуни раводидро бо Эрон ҳазф кардаанд ва раиси ҷумҳурии Эрон дар сафар ба Қирғизистон дар хусуси ҳазфи раводид бо ин кишвар музокира хоҳад кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз зуҳри имрӯз дар чорчуби тақвияти муносибот ва ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо истиқболи мақомоти Арманистон ва барои сафари якрӯза вориди ин кишвар шуд.

Ҳасани Руҳонӣ қарор аст пас аз Арманистон ба Қазоқистон ва Қирғизистон сафар кунад.

 

Барчасп