Тими шамшербозии Эрон дар якқадамии медоли Ҷоми ҷаҳонӣ
(last modified Sun, 14 May 2023 11:18:21 GMT )
Май 14, 2023 16:18 Asia/Dushanbe
  • Тими шамшербозии Эрон дар якқадамии медоли Ҷоми ҷаҳонӣ

Тими миллии шамшербозии Эрон дар риштаи аслиҳаи собр дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии шамшербозии Мадрид бо суъӯд ба ниманиҳоӣ дар як қадамии касби медол қарор гирифт.

Рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии шамшербозӣ дар аслиҳаи собр дар шароите пайгирӣ шуд, ки тими Эрон бо таркиби Алии Покдоман, Муҳаммади Раҳбарӣ, Муҳаммади Футуҳӣ ва Фарзоди Боҳар муваффақ шуд ба марҳалаи ниманиҳоии ин мусобиқот роҳ ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, собристҳои Эрон бо ғалаба бар тимҳои Чилӣ, Канада ва Гурҷистон ҷавози ҳузур дар ин марҳаларо касб карданд.

Миллипӯшони Эрон, дар дидори баъдии худ бояд баробари тими Амрико ба майдон бираванд.

Дар сӯрати бартарии тими шамшербозии собри Эрон муқобили Амрико, медоли тимии собристҳои Эрон қатъӣ хоҳад шуд.

Пеш аз ин ва дар бахши инфиродӣ, намояндагони Эрон ба медол нарасиданд.