Май 19, 2023 18:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Эрон ва Русия
    Ҳамкориҳои Эрон ва Русия

Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия барои тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи гардишгарӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Русия дар заминаи гардишгариро рӯзи ҷумъа Алиасғари Шолбофиён, муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон ва Димитрий Б. муовини вазири тавсеаи иқтисодии Русия дар ҳошияи чаҳордаҳумин иҷлоси иқтисодии Русия - ҷаҳони Ислом дар Қазони Русия имзо карданд.

Бар асоси ин тафоҳумнома, Вазорати мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Вазорати тавсеаи иқтисодии Русия иҷрои мафоди мувофиқатнома байни ду кишвар дар бораи лағви раводиди сафарҳои гуруҳии шаҳрвандони Эрону Русия ҳамкорӣ хоҳанд кард.

 

Барчасп