Май 20, 2023 13:34 Asia/Dushanbe

Ҷумҳурии исломии Эрон дар ёздаҳумини Намоишгоҳи байналмилалии таслеҳоту таҷҳизоти низомии MILEX - 2023 дар Минск, пойтахти Беларус ҳузури фаъол дорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ёздаҳумини Намоишгоҳи байналмилалии таслеҳоту таҷҳизоти низомии MILEX - 2023 ба муддати чаҳор рӯз ( 17 то 20 маи 2023 ) дар варзишгоҳи Минск арена-Minsk Arena дар ҳоли баргузорӣ аст .
Виктор Хорнин-вазири дифои Беларус, Александр Волфович-дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Димитрий Пантос-раиси Кумитаи давлатии саноъати низомии Беларус аз ғурфаи Эрон дар намоишгоҳи таҷҳизоти низомии Минск дидан карданд.
Ин рӯйдоди низомӣ ҳар ду соли як бор баргузор мешавад ва мавриди тавваҷуҳи мутахассисони саноъати низомӣ аст.
Ғурфаи Эрон дар ёздаҳумини Намоишгоҳи байналмиллалии таслеҳоту таҷҳизоти низомии MILEX - 2023 беш аз 250 метри мураббаъ масоҳат дорад.
Ба иловаи мақомҳои низомии Беларус бархе дигар кишварҳо аз ҷумла кишварҳои африқоӣ аз ғурфаи Эрон дар ин намоишгоҳ истиқболи хубе карданд .
Ҳамчунин ройзанӣ ва гуфтугу дар ҳошияи ёздаҳумини Намоишгоҳи байнлмилалии таслеҳоту таҷҳизоти низомии MILEX - 2023 бо кишварҳову намояндагони ширкатҳои мухталиф анҷом мешавад .
 

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption

 

Барчасп