Декабр 21, 2016 19:36 Asia/Dushanbe
  • Тамрини муштараки тимҳои волейболи соҳилии Эрон ва Тоҷикистон

Тамрини муштараки тимҳои миллии волейболи соҳилии Эрон ва Тоҷикистон аз 23 декабр дар ҷазираи Кеши Эрон оғоз мешавад.

Шаш бозикун ба тамрини муштараки волейболи соҳилии Эрон ва Тоҷикистон даъват шудаанд ва тими милли волейболи соҳили Тоҷикистон ба муддати ду ҳафта дар ин тамринҳо дар канори шаш волейболисти соҳилии Эрон тамрин хоҳад кард.

Пеш аз ин Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар номае баргузории тамринҳои муштараки соҳилӣ бо Эронро ба муддати ду ҳафта дархост карда буд, ки ин дархост аз сӯи Федератсия волейболи Эрон пазируфта шуд.

Дувумин давраи тури ҷаҳонии волейболи соҳилӣ дар Эрон аз 15 то 18 феврали 2017 дар ҷазираи Кеш баргузор мешавад.

 

Барчасп