Май 21, 2023 08:46 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрузи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с)
    Табрики солрузи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с)

Якшанбе аввали зилқаъдаи соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 21 май соли 2023 солрузи валодати фархунда ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) духти гиромии ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар(а) аст.

Ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) ки дар рузи аввали зилқаъдаи соли 173 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон кушуданд мазҳари фазоил буданд.

Дар Эрони Исломӣ рузи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) рузи духтар номгузори шуда аст.

Дар рузи милоди каримаи аҳлибайти исмат ва таҳорат(а) ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) Эрони Исломӣ ғарқи дар шоди аст ва мардум бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) дар шаҳри муқаддаси Қум ҷануби Теҳрон ва дигар маконҳои мазҳаби ин рузи фархундарон ҷашн мегиранд.

Аз якшанбе, ки солрузи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) аст то 31 май ҳамзамон бо солрузи мелоди ҳазрати Имом Ризо(а) даҳҳаи каромат номгузори шуда аст.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрузи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с)-ро ба ҳамаи дустдорони аҳлубайти исмат ва таҳорат(а) табрик ва таҳният мегуяд.

Барчасп