Май 21, 2023 17:05 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Сипоҳи посдорон дар интишори тасовири расади нови амрикоӣ

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, тасовири расади нови амрикоиро мунташир кард.

Тасовири мунташир шудаи сипоҳ нишон медиҳад, нови размии " DDG60",  ба ҳамроҳи як шиновари пуштибон ба номи "TAKE6" аз Тангаи Ҳурмуз убӯр кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, 19 майи 2023 замони хурӯҷи нови амрикоии "DDG60" аз Тангаи Ҳурмуз, ки ба иддаои онҳо ҳомили се фармондеҳи аршади неруҳои дарёии Амрико, Англия ва Фаронса буд, паҳподҳои шиносоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва шиноварҳои гаштии нови типи “Зулфиқор” минтақаи якум неруи дарёии сипоҳ, ин нови амрикоиро мавриди расади дақиқ қарор доданд.

 

Барчасп