Раисӣ вориди Ҷакарта шуд
(last modified 2023-05-23T04:49:43+00:00 )
Май 23, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ вориди Ҷакарта шуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба даъвати расмии ҳамтои худ ба Индонезия сафар карда, вориди фурудгоҳи Ҷакарта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ростои густаришу таъмиқи таъомулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ бо кишварҳои осиёӣ барои як сафари дурӯза озими Индонезия шудааст .
Охирин сафари расмии дуҷонибаи раисони ҷумҳӯри Эрону Индонезия 17 соли пеши анҷом шуда буд .
Раисӣ дишаб ( душанбе ) пеш аз тарки Теҳрон дар гуфтугу бо хабарнигорон дар фурудгоҳи Меҳробод сатҳи равобити иқтисодӣ ва тиҷориро қобили тавваҷуҳ донист ва гуфт : Ин сатҳи равобити ду кишвар қобили қабӯл нест ва бояд ба дунболи беҳбуди он бошем .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд : Дар ин сафар тафоҳумномаҳое дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, гумрукӣ ва беҳдоштӣ ба имзо мерасад.

 

Барчасп