Май 23, 2023 09:59 Asia/Dushanbe
  •  Пайкари мутаҳҳари панҷ шаҳиди марзбони неруии интизомии Эрон дар Зоҳидон ташйиъ шуд

Пайкари мутаҳҳари панҷ шаҳиди марзбонии неруии интизомӣ бо ҳузури ҷонишини фармондеҳи кулли интизомии фармондеҳи марзбонӣ, устондори Систону Балучистон ва уламои шиъаву суннӣ бар дастони мардуми шаҳидпарвари Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистони Эрон ташйиъ шуд.

Шомгоҳи шанбе ( 20 май ) ашрору маонидон бо истифода аз хоки Покистону нақзи ҳарими марзии Ҷумҳурии исломии Эрон дар иқдоми террористӣ ва ноҷавонмардона ба бурҷаки марзбонии " Мазаисар " ҳанги марзии Саровон ҳамла карданд, ки бо муқовимати ҷононаи неруҳои диловари марзбонӣ мувоҷеҳ ва террористҳо ба умқи хоки Покистон фирорӣ шуданд . Дар ин даргирӣ панҷ нафар аз ғаюрмардони марзбонии Эрон шаҳид ва 2 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пайкари мутаҳҳари панҷ шаҳиди марзбонии Саровон аз маҳали ситоди марзбонии Мистону Балӯчистон то фурудгоҳи Зоҳидон бо ҳузури ақшори мухталифи мардуму масъӯлон баргузор шуд . Хонуми Фараҳ Азимшоҳ-сухангӯи давлати иёлати Балӯчистони Покистон бо маҳкӯм кардани ҳамлаи террористӣ ба неруҳои марзбонии Эрон шаҳодати 5 нафар аз ин неруҳоро ба давлату миллати Эрон таслият гуфт .