Май 23, 2023 16:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури беш аз 500 ширкат дар бистучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти пизишкии Эрон
    Ҳузури беш аз 500 ширкат дар бистучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти пизишкии Эрон

Бистучаҳорумин даври намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти пизишки, дандонпизишки ва озмоишгоҳи ба унвони фарогиртарин намоишгоҳи санъати саломати Эрон 27 то 30 май дар маҳали доими намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар бистучаҳорумин даври намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти пизишки, дандонпизишки ва озмоишгоҳии Эрон беш аз 500 ширкат ҳузур доранд, ки ин теъдод 391 ширкати дохили ва 110 ширкати хориҷи ва аз кишварҳои Чин, Русия, Туркия, Италия, Олмон, Шветсия, Донморк, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд, Австралия, Ҷопон, Покистон ва Тайван ҳастанд.

Ҳузури ширкатҳои дохили дар намоишгоҳи имсол нисбат ба соли қабл 30 дарсад ва ҳузури ширкатҳои хориҷӣ 60 дарсад афзоиш ёфта аст, ки ин нишон аз аҳамият ва ҷойгоҳи болои пизишки ва саноати вобастаи ин бахши Эрон дорад.

Дар намоишгоҳи имсол таҷҳизоти пизишкӣ беш аз 100 ширкати донишбунён ҳузур ва мушорикат доранд, ки ин мавзуъ сабаб шуд то ин намоишгоҳ дар тақвими ҳимояти сандуқи навоварон ва шукуфоӣ қарор бигирад.

Дар чули чаҳор рузи баргузории намоишгоҳ, ки витрини бузурги аз зарфиятҳои номаҳдуди таъминкунандагони ақломи пизишки аст беш аз 30 маҳсули фановаронаи ҷадид рунамои хоҳад шуд.

Барчасп