Май 24, 2023 13:25 Asia/Dushanbe
  • Нахустин гуруҳ аз ҳоҷиёни эронӣ озими сарзамини ваҳй шуданд

Нахустин корвонҳои ҳоҷиёни эронӣ бомдоди имрӯз чаҳоршанбе аз фурӯдгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ.), озими сарзамини ваҳй шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими бадрағаи нахустин гуруҳ аз зоирони эронии соли 1402, ки аз фурӯдгоҳи ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), озими Мадинаи Мунаввара шуданд сешанбешаб (2 хурдод) бо ҳузури масъулони ҳавзаи ҳаҷу зиёрат ва ҷамъе аз масъулони кишварӣ ва лашкарӣ ва зоирони корвонҳое аз Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин маросим ҳуҷҷатулислом валмуслимин Саид Абдулфаттоҳи Наввобӣ, намояндаи валии фақиҳ дар умӯри ҳаҷу зиёрат бо қадрдонӣ аз ҳамаи дастгоҳҳо, ниҳодҳо ва созмонҳои лашкарӣ ва кишварии фаъолу ёригар дар заминаи баргузории маросими ҳаҷ  изҳор кард, Худоро шокир бошед, ки тавфиқи зиёрати марқади мунаввари Набавӣ,  қабристони Бақеъ ва Масҷидулҳаром насибтон шудааст.

Вай ҳамчунин дар тавсияҳое ба зоирон гуфт, зоири ҳӯшёр касе аст, ки барои лаҳазоти ҳузураш дар сарзамини ваҳй барнома дошта бошад ва битавонад бештарин баҳраи маънавиро аз ин сафари мондагор бибарад.

Сарпарасти ҳуҷҷоҷи эронӣ афзуд, шумо ба шаҳре меравед, ки Фотимаи Заҳро (а) ва аъимма (а) ҳузур доштаанд. Ба шаҳре меравед, ки имом Ҳасан (а) ва имом Ҳусайн (а) дар он мутаваллид шудаанд. Ба шаҳре меравед, ки Паёмбари меҳрбонӣ ва раҳмат дар он ҳузур доштааст. Пас қадари лаҳазоти ҳузур дар ин шаҳрро бидонед.

 

Барчасп