Таъкиди Раисӣ бар аҳамияти нақшофаринии фаъолони иқтисодӣ дар иҷрои тавофуқоти Эрону Индонезия
(last modified Wed, 24 May 2023 12:15:36 GMT )
Май 24, 2023 17:15 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар Индонезия
    Раисӣ дар Индонезия

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо созанда тавсиф кардани музокироти худ бо мақомоти индонезӣ, маҷмӯаи ин гуфтугӯҳоро нишондиҳандаи иродаи ҷиддии ду кишвар барои тавсеаи равобити дуҷониба арзёбӣ кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳадафи таъмиқу густариши равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии дуҷониба, асри душанбе (22 май) дар садри ҳайате олирутба озими Ҷакарта - пойтахти Индонезия шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идомаи барномаҳои дуюмин рӯзи сафари расмии худ ба Индонезия, пеш аз зуҳри чаҳоршанбе, дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Эрону Индонезия, бо ишора ба ҷойгоҳи минтақаӣ ва байналмилалии Индонезия, узвияти ин кишвар дар тартиботи муҳими минтақаӣ ва фароминтақаӣ ва бархӯрдорӣ аз мардуме аҳли талошу навоварӣ ба унвони пурҷамъияттарин кишвари мусулмон гуфт: Ин зарфиятҳо заминаҳои муносибе барои густариши равобит миёни ду кишвар ҳастанд.

Раисӣ бо баёни ин ки таҳримҳо ва фишорҳо натавониста миллати Эронро дар масири пешрафт мутаваққиф кунад, афзуд: Эрон бо ҳиммати мутахассисони ҷавони худ дар ҳавзаҳои мухталиф, таҳдидҳоро табдил ба фурсат карду гомҳои баланде дар масири пешрафт дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла сохти таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ, ки ба Индонезия низ ироа шуда, бардоштааст.