Дидори раисони созмонҳои исломии Индонезия бо раисҷумҳури Эрон дар масҷиди Истиқлоли Ҷакарта
-
Раисӣ дар масҷиди Истиқлоли Ҷакарта
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузур дар масҷиди Истиқлоли Ҷакарта, бо раисони созмонҳои исломии Индонезия дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар охирин барнома аз сафари расмии дурӯзаи худ ба Индонезия, имрӯз - чаҳоршанбе бо ҳузур дар масҷиди Истиқлоли Ҷакарта, бо раисони созмонҳои исломии Индонезия, аз ҷумла Наҳзатулуламо, Муҳаммадия ва Маҷлисулуламои Индонезия дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба табодули назар кард.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин пас аз иқомаи фаризаи намози зуҳру аср, дар ҳузури намозгузорони масҷиди Истиқлоли Ҷакарта, дақоиқе ба суханронӣ хоҳад пардохт.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии Ҷоко Видодо, раиси ҷумҳурии Индонезия, ба ин кишвар сафар кардааст.