Муовини раисҷумҳури Эрон: Афғонистон бояд ба Муоҳидаи Ҳирманд пойбанд бошад
Май 24, 2023 21:26 Asia/Dushanbe
Муовини ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, масъулони Афғонистон бояд ба муоҳидаи ҳаққобаи Ҳирманд пойбанд бошанд.
Муҳаммади Деҳқон, муовини ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти ҳайати давлат, дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Эрон пресс” таъкид кард: Ҷиҳати ҳалли мушкили ҳаққобаи Ҳирманд муоҳидаи ҷомеъе вуҷуд дорад ва масъулони Афғонистон бояд тибқи муоҳидаи мавҷуд ба тааҳҳудоти худ амал кунанд.
Деҳқон афзуд: Агар ҳукумати Толибони Афғонистон ба тааҳҳудоти марбут ба ҳаққобаи Ҳирманд пойбанд набошанд, масъала аз тариқи ҳакамият пайгирӣ хоҳад шуд.