Май 25, 2023 08:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Теҳрон ва Ҷакарта
    Ҳамкории Теҳрон ва Ҷакарта

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон иқтисоди Теҳрон ва Ҷакартаро мукаммили ҳамдигар донист.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбешаб, пас аз бозгашт аз сафари дурӯза ба Индонезия, дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон гуфт: Иртиботи Эрон бо кишварҳои мухталиф бар асоси сиёсати минтақагароӣ ва ҳамсоягӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, сиёсати Эрон ҳамгароӣ ва чандҷонибагароии иқтисодӣ, ҳамкории ҷомеъ ва мутавозин бо қудратҳои навзуҳури осиёие чун Чин, Ҳинд ва Индонезия аст.

Раисӣ афзуд, дар ин сафар 11 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва энержӣ ба имзо расид.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, музокирот бо ибтикори мутахассисони эронӣ барои баҳрагирӣ аз дастгоҳи ҷарроҳии роботӣ анҷом ва бино шуд 12 бемористони Индонезия ба ин таҷҳизот муҷаҳҳаз шаванд.

 

Барчасп