Монеатарошии Толибони Афғонистон дар ҳаққобаи Эрон
Сухангуи ҳукумати Толибони Афғонистон дар изҳороте мегуяд, бо таваҷҷуҳ ба муоҳидаи ҳаққобаи Ҳирманд мумкин аст, Толибон ба ҳайати эронӣ иҷозаи боздид аз садҳои обии Афғонистонро надиҳанд.
Бар асоси муоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рудхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фусули мухталиф тафовут мекунад. Акнун давлату миллати Эрон интизор доранд то дар чорчуби ҳамкориҳои дуҷониба Толибони Афғонистон низ бар тааҳҳуду ваъдаи худ дар ин хусус пойбанд бошад ва беш аз ин худро тарафе ғайри масъул дар баробари ҳамсояи худ нишони надиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҳоле, ки мақомоти Эрон таъкид доранд, ки бояд ҳайати фаннии ин кишвар, мизони об руди Ҳирманд дар садҳои Афғонистонро арзёбӣ кунад, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дар изҳороте афзуд, дар муоҳидаи 1972 дар ин бора чизе гуфта нашудааст.
Вай дар посух ба ин пурсиш, ки Эрон мегуяд, оби кофӣ вуҷуд дорад ва чигуна мизони оби Ҳирманд мушаххас шавад, афзуд, Толибон тимҳои фаннӣ дорад ва дар бархе ҷоҳо об аст.