Сардор Фараҳӣ: Муқобилаи падофанди душман бо мӯшаки «Хуррамшаҳр-4» ғайримумкин аст
Ҷонишини вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, муқобилаи падофанди душман бо мӯшаки «Хуррамшаҳр- 4» ғайримумкин аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Саидмаҳдии Фараҳӣ, ҷонишини вазири дифо бо баёни инки мӯшаки «Хуррамшаҳр-4» дар 12 дақиқа ба ҳадаф исобат мекунад, гуфт, муқобила бо ин мӯшак барои падофанди душман як кори тақрибоан маҳол аст.
Вай дар гуфтугӯ бо барномаи телевизионии “Сафи аввал”, ки аз шабакаи Хабар пахш шуд, гуфт, имрӯз ба насли чаҳоруми мӯшаки Хуррамшаҳр расидаем, ки ба бумӣ будан, ҷавонони пурифтихорамону қобилиятҳои он ифтихор мекунем.
Сардор Фараҳӣ, тасреҳ кард, ба зӯддӣ ба марҳалае хоҳем расид, ки ҳеҷ монеъе ҳамчун “Гунбади оҳанин” ва “Фалохан Довуд” наметавонад аз расидани мӯшакҳо ба ҳар нуқтае ҷилавгирӣ кунад.