Май 30, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён хабар дод: Табодули паёми миёни Теҳрон Вашенгтон аз тариқи воситаҳо
    Амирабдуллоҳиён хабар дод: Табодули паёми миёни Теҳрон Вашенгтон аз тариқи воситаҳо

Вазири умури хориҷаи Эрон аз иртиботи мустақими Эрон бо Иттиҳодияи Аврупо ва иртибот бо Амрико аз тариқи воситаҳо дар хусуси мавзуъи ҳастаӣ хабар дод.

Ба гузориши ИСНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугу бо рузномаи фаронсавӣ   " Фигаро" таъкид кард: Раванди дипломоти ва музокира бо Иттиҳодияи Аврупо дар хусуси мавзуъи ҳастаӣ идома дорад.

Амирабудллоҳиён афзуд: Бо Хосеп Боррели масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи музокироти ҳастаӣ дар интибот аст ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Эрон табодули паём миёни Теҳрон ва Вашенгтон низ тариқи воситаҳои минтақаӣ ва ҳатто аврупоӣ идома дорад.

Барчасп