Эрон; Яке аз панҷ қудрати низомии ҷаҳон дар дарёнавардӣ
Ҷонишини фармондеҳи новгони ҷануби нерӯи дарёии Артиши Эрон, Ҷумҳурии исломиро яке аз панҷ қудрати низомии ҷаҳон дар дарёнавардӣ, муаррифӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, адмирал Ҷалили Муқаддам, ҷонишини фармондеҳи новгони ҷануби нерӯи дарёии Артиши Эрон гуфт, имрӯза ба баракати фаъолиятҳои нерӯи дарёии Артиши Эрон ва бо таъкиди Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мабнӣ бар анҷоми дарёнавардии байналмилалӣ, Эрон, яке аз панҷ қудрати низомии дарёии аввали ҷаҳон аст.
Вай бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон бо баҳрамандӣ аз се ҳазор километр марзи дарёӣ дар ҷаҳон матраҳ аст, тасреҳ кард, имрӯзи ҷавонони эронӣ бо сохти ҳаштмоҳаи новшикани тамоми эронии “Дино”, ки аз як миллиону 400 ҳазор қитъа ташкил шудааст, ҷаҳонёнро мақҳури азамат, қудрат, фанноварӣ ва сохтори ин новшикани тамомэронӣ карданд.