Май 31, 2023 18:51 Asia/Dushanbe
  • Қудрати низомии Эрон
    Қудрати низомии Эрон

Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар охирин рутбабандии торнамои «Глобал фойер повер» дар ҷамъи артишҳои бартари ҷаҳон қарор гирифт.

Ҷумҳурии исломии Эрон аз назари шохисҳои дифоӣ ва боздорандагии низомӣ, кишвареи қудратманд дар минтақаи Ғарби Осиё аст.

Дар ҳамин робита торнамои «Глобал фойер повер» дар гузориши радабандии артишҳои ҷаҳон дар соли 2023, бо баррасии тавони низомии 145 кишвари ҷаҳон, аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони ҳафдаҳумин қудрати низомии ҷаҳон ном бурд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, бар асоси ин рутбабандӣ артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар бахши неруи заминӣ ва дар ҳавзаи теъдоди танкҳо, ракетандозҳо ва персонали фаъол, дар феҳристи 10 кишвари бартар қарор гирифтааст.

Эрон барои ҳифзи амният зарфиятҳои дифоии худро мутаносиб бо таҳдидҳо афзоиш додааст, ба тавре ки имрӯза сомонаҳои падофандии пешрафтаи бумӣ ва қобили рақобат бо кишварҳои муддаии қудрати низомӣ дар сохтори дифоии кишвар ба кор гирифта шудааст.

Истифода аз технологияҳои пешрафта, суръату диққати боло ва пӯшиши падофандӣ дар сатҳи парвозии мутанаввеъ, имкони убур аз системаҳои падофандии Эронро сахт ва ҳатто ғайримумкин кардааст. Дар ин феҳрист пас аз Туркия, Бразилия, Индонезия, Миср, Украина ва Австралия, Эрон дар радаи ҳафдаҳум қарор дорад.

 

Барчасп